Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд мусобиқоти I-уми қаҳрамонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба кӯҳнавардӣ оғоз гардид, ки дар он кӯҳнавардони Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Русия ва Белорус ширкат меварзанд.
Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Лочин Файзуллоев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кӯҳнавардон бояд қуллаи Замин-Қарори воқеъ дар дар маҳаллаи аҳолинишини Марғебро фатҳ намоянд. «Ин мусобиқот то 31-уми июл идома ёфта, кӯҳнавардон хатсайрҳои дорои мушкилоти гуногун ва масофаҳои ҳархеларо тай хоҳанд кард, ки барои кӯҳнавардони кишварҳои узви ИДМ хеле ҷолиб аст», - гуфт ӯ.
Ба қавли ӯ, ҳарчанд ин мусобиқот барои кӯҳнавардони кишварҳои узви ИДМ ҷолиб бошад ҳам, ҳузур надоштани дастаи Тоҷикистон дар он боиси таассуф аст. «Федератсияи кӯҳнавардии Тоҷикистон муддати 20 сол аст, ки амал мекунад, вале наметавонад дастаи ҷумҳуриро дар сатхи зарурӣ омода созад, ҳол он ки барои иштирок даста аз рӯйи нишондиҳандаҳои муайян бояд марҳилаи интихобиро гузарад, яъне аз ӯҳдаи фатҳи хатсайрҳои на он қадр мушкил барояд», - иброз дошт вай.
Ба ақидаи Л.Файзуллоев, баргузории мусобиқоти мазкур дар чунин сатҳ дар кишвари мо ба таблиғоти варзиши кӯҳнавардӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт. «Умедворам, ки дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти соли оянда ширкат хоҳад варзид», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста