Дар Тоҷикистон ба баргузории вохӯрии даври сеюми мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё миёни дастаҳои футболи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омодагӣ мегиранд.
Ба гуфтаи мудири шӯъбаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати шаҳри Турсунзода Азимҷон Назаров, корҳои омдагӣ ба баргузории вохӯрӣ аллакай оғоз гардида, масоили дар сатҳи зарурӣ доир сохтани он таҳти назорати шахсии раиси шаҳр қарор доранд. «Таъмини амният дар варзишгоҳ ба дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бригадаҳои ҷавонон вогузор гардида, ҷиҳати ҷалби мухлисон ба варзишгоҳ корҳои таблиғотӣ ба роҳ монда шуданд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Назаров, бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани вохӯрӣ робитаи зичи мақомоти шаҳрдорӣ ва Федератсияи фтболи ҷумҳурӣ зарур аст, то ки мушкилоти пайдошуда саривақт ҳал карда шавад. «Ман бар ин назарам, ки барои ҷалби бештари мухлисон ба вохӯрӣ роҳандозии ворид шудан ба варзишгоҳ ба таври ройгон мувофиқи мақсад аст», - афзуд номбурда.
Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар робита ба ин масъала мегӯяд, мақомоти раҳбарии федератсия низ омодагӣ ба вохӯриро оғоз карданд. «Таҳти сарварии президенти федератсия Сӯҳроб Қосимов кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуда, нақшаи омодагии иборат аз 22 банд, аз ҷумла истиқболи меҳмонон, ташкили пахши телвизионии вохӯрӣ ва ғайра тасдиқ карда шуд», - гуфт ӯ.
Перомуни масъалаи ба вохӯрӣ омадани мухлисони ӯзбек, Ш. Давлатов гуфт, айни замон Федератсияи футболи Ӯзбекистон бобати ин масъала муроҷиат накардааст, вале «агар чунин муроҷиат шавад, мо барои мусоидат ба қабули онҳо омодаем».
Бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, аз мухлисони ӯзбек ба сафорат то ҳанӯз дархосте ворид нашудааст. «Мо танҳо аз ҷониби дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистон ва намояндагони Федератсияи футболи ин кишвар барои қабули 40 нафар дархост қабул кардем», - гуфтанд дар сафорат.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2-юми сентябри соли равон дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода вохӯрии дастаҳои мунтахаби фтболи Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 16:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ аст.




Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста