Футболбозони дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як автобуси дорои 45 ҷойи нишаст туҳфа гирифтанд.
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи футболи «Равшан» қаблан барои сафар автобус надошт ва ва барои равуо нақлиёт киро мекард.
Директори техникии дастаи «Равшан» Акрам Ҳусейнов мегӯяд, соли гузашта зимни сафар ба Кӯлоб президенти Тоҷикистон ваъда дода буд, ки ба дастаи «Равшан» автобус туҳфа мекунад.
Ҳусейнов таъкид кард, ки маҳз пас аз мулоқоти сарвари давлат бо варзишгарону намояндагони мақомоти масъули ин соҳа дар минтақа даста сарпарастони боэътимод пайдо намуд.
«Соли гузашта ба даста «Агроинвестбонк» маблағгузорӣ карда, соли равон ширкати «Фароз» ва бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа» сарпарастони дастаи «Равшан» мебошанд», - зикр кард А.Ҳусейнов.
Рӯзи 27-уми май дар вохӯрӣ бо дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Кӯлоб маросими расмии ба дастаи «Равшан» супурдани автобуси аз ҷониби сарвари давлат туҳфашуда баргузор мешавад.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста