Дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) бори дуюм ғалаба ба даст овард.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, пас аз пирӯзӣ бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1, футболбозони навраси тоҷик дар вохӯрии дуюм бо тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуданд.
Ҳар ду тӯбро ба дарвозаи футболбозони қирғиз футболбози навраси тоҷик Вафо Толибов равона сохтааст, ки ин тӯби чоруми ӯ дар ин мусобиқот аст. Дасти Тоҷикистон пас аз ду вохӯрӣ 6 имтиёз ба даст оварда, барои роҳ ёфтан ба даври навбатии мусобиқот имконияти хуб дорад.
Дар даври сеюми мусобиқот футболбозони навраси тоҷик имрӯз бо дастаи «Абдиш-ота» аз Туркманистон қувваозмойӣ мекунанд. Оғози бозӣ ба соати 11:30 муқаррар шудааст.
“Муборак сабқати сахти “Парасту”. Гузориш аз рӯзи нахустини ҷашнвораи “Парасту - 2025”
Ҷаримаи 28 ҳазору 500 ронанда дар пайи амалиёти 10 рӯзаи “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”
Дар Тоҷикобод ду кӯдак дар дарё ғарқ шудаанд
"Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд". Гузориш аз Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ
Ҷоми Осиё барои наврасони тоҷик поён ёфт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 2
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2025
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста