Дирӯз, 14-уми апрел ду писарбачаи 4 ва 6-сола дар дарёи Шӯрак, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Сафедмуни ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ноҳияи Тоҷикобод ғарқ шуда, ҷон бохтаанд.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) иттилоъ дода, навиштааст, ҳодиса тақрибан соати 11-и рӯз рух додааст.
Ба навиштаи манбаъ, баъди рух додани ҳодиса давоми рӯз наҷотбахшони шуъбаи КҲФ ҷасади писарбачаи 6-соларо пайдо карда, ба волидонаш супоридаанд. Ҷасади кӯдаки 4-сола бошад, субҳи имрӯз, 15-уми апрел соати шаш 200 метр поёнтар аз ҳодиса дарёфт шудааст.
Мақомот сабаби ҳодисаро аз назорати волидон дур мондани кӯдакон гуфтаанд, ки дар натиҷа онҳо ба об афтода ғарқ шудаанд.
Дар пайи ин ҳодиса, КҲФ аз волидон хостааст, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд.
Ҳодисаҳои ғарқ шудани кӯдакон дар обу дарёҳои кишвар зиёд расонаӣ мешавад. Махсусан, бо оғози мавсими гармӣ аксари наврасон ба қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар кӯлу дарёҳо риоя накарда, ба ҳалокат мерасанд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар ҳамин мавсим Сафияхон Раҳматоваи 9-сола дар дарёи Сир ғарқ шуд ва ҷасадашро баъди моҳе дар яке аз каналҳои Ӯзбекистон дарёфт карданд.
Пештар аз ин хабари ғарқ шудани 5 кӯдак дар як шабонарӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон расонаӣ шуда буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста