Мақомоти корҳои дохила дар пайи амалиёти 10 рӯза таҳти унвони “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо” беш аз 28 ҳазору 500 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима кардаанд. Он аз 1 то 10-уми апрел дар тамоми Тоҷикистон гузаронида шуд.
Аз Бозрасии давлатии автомобилии ВКД (БДА) ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин муддат, беш аз 8 ҳазор ҳолати набастани тасмаи бехатарӣ, 59 далели идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 27 ҳолати бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора кардани воситаи нақлиёт, 49 далели сиёҳшиша будани мошинҳо, 321 ҳолати бе иҷозат ба мусофиркашинӣ машғул шудан ва дигар қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шуд.
“Нисбати ҳамаи ронандаҳо протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, бо дастрасии моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима гардиданд. Аз ҷумла, барои набастани тасмаи бехатарӣ бо моддаи 333 қисми 2-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси зарар гардидааст) ҷарима шудаанд”, - гуфтанд аз БДА.

Ин банди қонунгузорӣ аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ аст) ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Мақомот мегӯянд, ки чунин “рейд”-ҳо бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ гузаронида шуд. Ба таъкиди онҳо бештари садамаҳои нақлиётӣ, дар пайи набастани тасмаи бехатарӣ сар мезанад.
Мақомот қаблан низ чунин рейдҳоро гузаронида буд. Чанде қабл амалиёти “Пиёдагард” дар ҳудуди кишвар баргузор шуда буд. Ҳадафи ин амалиёт кам кардани шумораи садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва баланд бардоштани интизом дар роҳҳо гуфта мешавад.
Мувоффиқи маълумоти Раёсати БДА дар Тоҷикистон давоми соли гузашта 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин дар муқоиса бо соли 2023, 122 маротиба (соли 2023 – 1 ҳазору 111 садама) бештар будааст.
Гуфта мешавад, ки дар пайи ин ҳодисаҳо 552 нафар (соли 2023 – 519 кас) ҷон бохта, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста