Федератсияи футболи Тоҷикистон қазия атрофи собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Кемал Алиспахичро шарҳ дод.
Бино ба иттилои ФФТ, моҳи майи соли равон федератсия ба Алиспахич пешниҳод кардааст, ки то ахири сол қарордод ба имзо расонанд, вале ӯ рад кардааст. «Пас аз ин бо ӯ танҳо ба муддати 2 моҳ қарордод ба имзо расид. Қарордод 17-уми май ба имзо расида, мутаносибан санаи 17-уми июл муҳлати он ба охир расид. Агар қарордод набошад, пас даъвои ҷаноби Алиспахич қобили қабул нест», - гуфтанд дар ФФТ.
Қаблан дар мусоҳиба бо ҳафтавори «Азия-Плюс» К.Алиспахич изҳор дошта буд, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ба таври якҷониба қарордод бо ӯро бекор намудааст. «Ман мураббии касбии футбол буда, бекор намемонам. Ба дастаи Тоҷикистон бошад, комёбӣ ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ хушбахтироо орзу дорам», - гуфта буд ӯ.
Ёдрас мекунем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо дастаи Қатар дар Мюнхенро сармураббии дастаи «Истиқлол» Никола Кавазович роҳбарӣ кард. Дар ин бозӣ дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2 бар 1 бар дастаи Қатар дастболо шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста