Рӯзи 11-уми октябр дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқоти камонварӣ барои дарёфти ҷоизаи қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Зебуннисо Рустамова оғоз мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» президенти Федератсияи камонварии ҷумҳурӣ, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ Алиаҳмад Мирзоев хабар дод, ин мусобиқот маротибаи чорум доир гардида, байнулмилалӣ аст. Мусобиқоти нахустин соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Ба қавли ӯ, айни замон кумитаи тадорукоти мусобиқот масъалаи даъвати варзишгарон аз Эрон ва кишварҳои ҳамсояи минтақаи Осиёи Марказиро мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. «Камонварон дар машқи М1 дар масофаҳои 30, 50, 70 ва 90 метр барои мардон ва 30, 50, 60 ва 70 метр барои занон қувваозмоӣ хоҳанд кард», - афзуд номбурда.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Зебуннисо Рустамова дар ин робита изҳор кард, ки шахсан ба корҳои омодагии ин мусобиқот машғул набуда, вале бар ин назар аст, ки варзиш воситаи беҳтарини таблиғи тарзи ҳаёти солмим миёни ҷавонон аст.
«Мусобиқоти камонварии мазкур натанҳо ба кашфи истеъдоду қобилиятҳои нав дар ин намуди варзиш кӯмак мерасонад, балки барои таблиғи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ миёни аҳолӣ намунаи ибратомез хоҳад буд», - мутмаин аст З.Рустамова.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста