Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мустақиман ба давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифт.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мактуби расмии КФО ба ФФТ зикр шудааст, ки дорандаи Ҷоми футболи давлати Баҳрайн – дастаи «Муҳаррак» аз иштирок дар давраи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми КФО-2013 даст кашида, дар ин робита, дастаи «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои «Сафо» (Лубнон), «Риффа» (Баҳрайн) ва ғолиби Ҷоми КФО - тими «Қувайт» (Қувайт) қувваозмоӣ хоҳад кард.
Барои роҳ ёфтан ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2013 дастаи «Регар-ТадАЗ» мебоист дар даври интихобӣ бо ғолиби вохӯрии дастаҳои «Ал-Ваҳда» (Сурия) ва «Ал-Аҳли Тайиз» (Яман) вохӯрӣ анҷом дода, дар сурати пирӯзӣ ба даври гурӯҳӣ роҳхат мегирифт.
Ёдрас мекунем, ки ғолиби лигаи олии футболи Тоҷикистон – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб низ дар ин мусобиқот иштирок мекунад. Дар гурӯҳи «D» ҳарифони «Равшан» тимҳои «Ал-Қадисия» (Қувайт), «Ал-Рамта» (Урдун) ва «Ал-Шорта» (Сурия) мебошанд.
Мусобиқоти даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2013 аввали моҳи марти соли оянда оғоз гардида, ахири моҳи май ба анҷом мерасанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста