Имрӯз дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Соли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар паҳнои ИДМ намоишгоҳи аксҳо баргузор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар намоишгоҳ ҳудуди 100 адад аксҳои варзишгарони Тоҷикистону Русия ва лаҳзаҳои хоирмони ҳаёти варзишӣ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
«Дар кори намоишгоҳ аз иштироки роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Владислав Курнушко, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов ва 50 нафар варзишгарони маъруфи Тоҷикистон, аз ҷумла Расул Боқиев, Мавзуна Чориева ва Дилшод Назаров интизорӣ меравад», - гуфтанд дар Кумита.
Зимнан зикр гардид, ки ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ва таҷассум намудани муҳимияти роҳандозии тарзи ҳаёти солим аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии намоишгоҳ аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста