Чанде қабл дар Муассисаи давлатии «Маҷмуаи варзишии ТоҷикСтандарт» дар шаҳри Душанбе вохӯрии ниҳоии дастаҳои кормандони 12 филиали БДА ҶТ «Амонатбонк» оид ба футболи хурд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барпо гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» хабар доданд, бо дастгирии Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ин мусобиқаи варзишӣ барои ба даст овардани ҷоми «Наврӯз-2013» таърихӣ 02.03.2013 оғоз шуда буд. Дар вохӯрии финалӣ барои дарёфти ҷоми «Наврӯз-2013» дастаи Раёсати Амонатбонк ва дастаи филиали Бонк аз н. Фирдавсии ш.Душанбе бо ҳам рақобат намуданд, ки дастаи Раёсати Бонк пирӯзӣ ба даст овард.
Дар маросими супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоми «Наврӯз-2013» Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҳасанова Гулнора Кенҷаевна, муовини раис Икромов Сироҷиддин Саломович ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиаҳмад Мирзоев ширкат доштанд.
Аз тарафи роҳбарияти Бонк ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд ваГулнора Кенҷаевна ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда ба онҳо барору комёбиро дар кору рӯзгор таманно намуд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста