Дар бозии финалии Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ҷоизаи он 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ССКА «Помир»-и Душанбе рақобат мекунанд. Ин аз рӯйи натоиҷи бозиҳои нимниҳоӣ, ки 8-уми июл доир шуданд, маълум гардид.
Чӣ тавре ки торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. ССКА «Помир» дар вохӯрии ҷавобӣ низ бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид (бозии аввал - 3:0) ва «Хайр» бо ҷамъи натиҷаҳои бозӣ ба ҳисоби умумии 3:1 тими истравшании «Далерон-Ӯротеппа»-ро шикаст дод.
Пас аз бохти ҳадди ақалл (0:1) дар аввалин бозии нимниҳоӣ тими шаҳри Ваҳдатро барои расидан ба даври ниҳоӣ зарур буд, ки ғолиби мусобиқоти Тоҷикистон миёни дастаҳои бошгоҳи якум дар минтақаи Суғд - дастаи «Ӯротеппа»-ро бо бартарии ду ва зиёда тӯб шикаст диҳад. Футболбозони дастаи «Хайр» аз оғози бозӣ бартариро соҳиб шуда, тӯби аввалро ба дарвозаи ҳариф ворид карданд.
Дар дақиқаи 11-уми вохӯрӣ нишонзан Мирзобек Мирзоев ҳисобро кушод. Тими Ваҳдат ҳуҷум дар дарвозаи «Ӯротеппа»-ро идома дода, баъд аз гузашти 33 дақиқа легионер аз Гана Муҳаммад Иброҳим бо дарвозабон як ба як баромада, тӯби дуюмро вориди дарвоза кард. Пас аз сипарӣ шудани 4 дақиқаи дигар ҳимоягар Маҳмадлоиқ Нуриддинов ба ҳуҷум гузашта, бо зарбаи сар ҳисобро ба 3:0 расонид. Пас аз танаффус дастаи Истаравшан хост ҳисобро баробар кунад, аммо то охири бозӣ ба ин муваффақ нашуд.
ССКА «Помир»-и Душанбе барандаи бозии аввали нимниҳоӣ бо ҳисоби 3:0 гардида, дар бозии ҷавобӣ бар тими «Эсхата»-и Хуҷанд 1:0 пирӯз шуд. Тӯби нахустинро дар нимаи аввали бозӣ нимҳимоягар Шамсиддин Қосимов ба дарвозаи ҳариф ворид кард.
Ба ин тариқ, дар бозии ниҳоии Ҷоми федератсияи футболи Тоҷикистон дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва ССКА «Помир»-и Душанбе вомехӯранд. Таърих ва маҳалли баргузории бозии ниҳоӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон дертар муайян хоҳад кард.




Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста