Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мутахассиси Конфедератсияи футболи Осиё аз Ӯзбекистон Ислом Аҳмедов тӯби футбол бо дастхати президенти УЕФА Мишел Платиниро туҳфа кард.
Бино ба иттилои торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Аҳмедов дар курсҳо барои дастрасӣ ба иҷозатномаи категорияи «В», ки аз 28-уми июн то 17-уми июл дар шаҳри Норак доир гардиданд, ба ҳайси мутахассиси КФО фаъолият дошт.
Ба иттилои манбаъ, дар ин курсҳо 18 нафар мураббиёни футбол ширкат варзидаанд, ки 15 нафарашон аз Тоҷикистон ва се нафари дигар мураббиёни хориҷӣ – сармураббии тими мунтахаби футболи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Коргар ва ҳамкори ӯ Муҳаммад Муҷтабо Забеҳулло ва Риди Винсент Трой, як амрикоии шомил ба ҳайти мураббиёни дастаи «Вахш» будаанд.
Гуфта мешавад, мутахассиси ӯзбек ба тамоми шунавандагони курсҳо изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худ баҳри ҳамкории минбаъда ва дастгирии рушди таълимоти мураббиён дар Тоҷикистонро иброз доштааст.
Қобили зикр аст, ки бо анҷоми машғулиятҳо ба ҳар кадоме аз шунавандагони курсҳо сертификати хатми давраи омӯзишии мазкур супурда шуд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста