Шоми дирӯз cе вохӯрии даври аввали чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 бар дастаҳои мизбон – мутаносибан «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ғолиб омаданд. Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бо ҳисоби 2 бар 0 бар дастаи «Энергетик»-и Душанбе дастболо шуд.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии ҷуфти дигари даври чаҳоряякфиналӣ рӯзи 10-уми сентябр доир гардида, дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд дар майдони худ аз дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд. Бозиҳои ҷавобии даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзҳои 17 ва 18-уми сентябр баргузор мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста