Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа нахустин шуда ба даври нимфиналии мусобиқоти дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии ҷавобӣ, ки рӯзи 17-уми август доир гардид, дастаи «Вахш» дар майдони худ бори дигар бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 0 ғолиб омад. Бозии аввал низ дар Хуҷанд ба фоидаи меҳмонон бо ҳисоби 2 бар 1 анҷом ёфта буд.
Гуфта мешавад, тӯбҳоро дар дақиқаҳои 67, 70 ва 74-уми бозӣ ҳимоятгари дастаи «Вахш» Умедҷон Шарифов ба самар расонида, вале дар дақиқаи 81-ум корти сурх гирифтаву аз майдон хориҷ шудааст.
Акнун дар бозии нимфиналӣ дастаи «Вахш» бо ғолиби ҷуфти чорякфиналии «Энергетик (Душанбе)-Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) қувваозмоӣ мекунад.
Се бозии боқимондаи даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Равшан (Кӯлоб) – «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров), «Энергетик» – «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» (Душанбе) – «Истаравшан» (Истаравшан) имрӯз доир мегарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста