Вохӯрии аввали дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Ҳиндустон дар мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда мусовӣ – 1 бар 1 анҷом ёфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дақиқаи 36-уми вохӯрӣ футболбозони тоҷик ҳисобро кушода, вале дар дақиқаи 57-ум ҳарифон бо зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисобро баробар кардаанд.
Сармураббии дастаи наврасони Тоҷикистон Чикаши Сузуки пас аз бозӣ изҳор намудааст, ки дар ин вохӯрӣ Тоҷикистон ба бартарӣ соҳиб буда, вале аз имконоти зиёди голзанӣ хуб истифода накардааст.
«Таъини ҷаримаи 11-метра ба дарвозаи мо иштибоҳи довар аст ва ба дарвозаи ҳариф низ ахири бозӣ бояд зарбаи11-метра таъин мешуд, вале ман намефаҳмам, ки чаро довар онро таъин накард. Имкони ишғоли зинаи аввал дар гурӯҳро мо аз даст надодаем ва ба бозиҳои дигар омодагӣ гирифта, то ахир кӯшиш хоҳем кард», - иброз доштааст сармураббӣ.
Гуфта мешавад, имрӯз вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон бо дастаи Бутан доир мегардад. Вохӯриҳои дигари дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» рӯзи 27-уми сентябр бо дастаи Қувайт ва рӯзи 29-уми сентябр бо дастаи Лубнон баргузор мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки вохӯриҳои давраи инихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар гурӯҳи «А» аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салом дар Ал-Қувайт доир мегарданд.
Ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста