Дар мусобиқоти силсилаи Гран-при оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 5-6-уми октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, варзишгарони тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар вазни то 90 кило Комроншоҳи Устопириён ва дар вазни беш аз 100 кило Муҳаммад Абдураҳмонов ба ин комёбӣ ноил гардиданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқот дастаи Тоҷикистонро ҳамчунин дзюдочиён Табризшо Парпишоев, Саидмухтор Расулов (ҳарду дар вазни то 73 кило), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷалол Саидов (ҳарду дар вазни то 81 кило) намояндагӣ карданд, вале дар марҳилаҳои нахусти мусобиқот ба шикаст аз ҳарифони худ дучор гардиданд.
Гуфта мешавад, маблағи мукофотпулии мусобиқот 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, дар сурати ҳунарнаиоии хуб варзишгарон ба имтиёзҳои рейтингӣ соҳиб мешаванд. Ин имтиёзҳо дар интихоби варзишгар барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ба инобат гирифта мешаванд. Дар мусобиқот 150 нафар варзишгарон аз 21 кишвари дунё ширкат варзиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста