Ҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Искандар Ҷалилов, ки ба ҳайати тими «Рубин»-и Қазон шомил аст, дар робита ба итмом расидани муҳлати қарордоди иҷора сафҳои дастаро тарк кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», Ҷалилов нимаи дуюми мавсими гузашта дар дастаи «Истиқлол» бозӣ карда, муҳлати иҷорааш ба охир расидааст.
Гуфта мешавад, Искандар Ҷалилов тобистони соли гузашта ба иҷора гирифта шуда, бори нахуст дар вохӯрии чаҳорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо дастаи «Истаравшан» (2:1) дар сафи дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ кард. Муддати дар сафҳои дастаи «Истиқлол» қарор доштанаш Ҷалилов дар 8 вохӯрӣ бозӣ карда, ҳамроҳи даста ба медалҳои нуқраи чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон соҳиб гардид.
Искандар Ҷалилов 1-уми июни соли 1992 ба дунё омада, дастпарвари мактаби тими футболи ССКА-и Маскав мебошад. Ӯ дар дастаҳои ҷавонони ССКА (солҳои 2008-2010), дастаи ҷавононони тими «Рубин» (2010-2012) ва давоми солҳои 2012-203 дар дастаи «Нефтехимик», тими лигаи олии «Турну Северин»-и Руминия ва ахиран дар дастаи «Истиқлол» ҳунарнамоӣ кардааст.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста