Варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли гузашта, гурзандоз Дилшод Назаров, ки чанде қабл муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ таъин шуд, имрӯз дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки айни замон вазифаи асосии ӯ дар ин мансаб – омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия аст.
«Ҳозир ман дигар фикре ҳам дар сар надорам, зеро ҳамчун варзишгар ба хубӣ огаҳам, ки ду сол барои омодагӣ хеле фурсати кам аст. Аз ин рӯ, тамоми кӯшишу имконотам баҳри омодагӣ ба Олимпиадаи тобистона равона хоҳад шуд», - иброз дошт ӯ.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов дар ин робита зикр кард, ки ба дастаи олимпии тобистона то 20 нафарро шомил карданианд ва барномаҳои варзишгарон аз буҷети кишвар маблағгузорӣ шуда, дар сурати камбуди маблағ, сарпарастон ҷалб мегарданд. «Дар Кумита айни замон барномаҳои омодагии варзишгарон Анвар Юнусов, Мавзуна Чориева ва Расул Боқиев мавҷуд ҳастанд», - гуфт ӯ.
«Ман ҳамеша мегӯям, ки барои омода кардани як варзишгари касбиву интизорӣ доштан аз натиҷаҳои назарраси ӯ ҳатто 150-200 ҳазор доллар маблағ ҳам барои 1 сол кофӣ нест. Аз буҷети мо бошад, барои варзишгарони дастаи олимпӣ ҳамагӣ 25-30 ҳазор доллар маблағ ҷудо мешавад, - мегӯяд М.Неъматов. – Бори дигар такрор мекунам, ки барои аз ҷониби варзишгар ба даст оварлдани натиҷаи дилхоҳ, барномаи омодагии ӯ бояд пардохт шавад. Мо тасмим гирифтем, ки ин корро ба сомон мерасонем ва маблағ метавонад то 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил диҳад».
Неъматов овозаҳо дар бораи аз иштирок дар мусобиқаҳо даст кашилдани Расул Боқиев ва ба касби мураббигӣ пардохтани ӯро рад намуда, зикр кард, ки айни замон Боқиев дар бошгоҳи русиягии «Самбо» ба тамринҳо машғул буда, ба мусобиқоти Бозиҳои Осиё ва Чемпионати ҷаҳон омодагӣ мегирад.
«Дар арафаи Соли нав Боқиев дар як мусобиқоти умумирусиягӣ ширкат варзида, ба грифтани медали тилллои ин мусобиқот ноил гардид. Ягона тағйирот иваз шудани дараҷаи вазни ӯ аз 73 ба 81 кило аст», - гуфт раиси Кумита.
Номбурда ҳамчунин гуфт, то Бозиҳои олимпии Бразилия фурсати кам боқӣ монда, худи варзишгар инро бояд дарк кунад. «Чанде қабл Расул Боқиев ба Тоҷикистон омада, ба кумита барномаи омодагии худро пешниҳод намуд ва мо ба ӯ итминон додем, ки барномае, ки ӯ дар даст дорад, аллакай маблағгузорӣ шудааст», - афзуд М.Неъматов.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста