Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев зимни посух ба саволҳои корбарони сомонаи ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ояндаи наздик ният дорад, ки як шабакаи телевизионии футбол таъсис бидиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин шабакаи телевизионӣ вохӯриҳои чемпионати ҷумҳурӣ низ намоиш дода мешаванд ва бо ин амал ФФТ умед дорад, ки футболбозони бомаҳорату варзидаи футбол дар саросари ҷмҳуриро дарёфт намояд.
Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли гузашта Муҳсин Муҳаммадиев сарварии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро ба зимма гирифта, то ин дам аз моҳи июни соли 2008 ба ҳайси директори варзишии дастаи футболи «Рубин»-и Қазон фаъолият дошт.
Муҳсин Муҳаммадиев дар назди худ вазифа гузоштааст, ки кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то ки дастаи мунтахаби футболи ҷумҳурӣ ба даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 роҳ ёбад. «Ҳамаи дастаҳо, аз ҷумла мо ҳам имкон дорем. Барои омодагӣ вақти зарурӣ ҳаст ва барои ба даст овардани роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ҳамаҷониба талош хоҳем варзид», - зикр кардааст Муҳаммадиев.
Муҳсин Муҳаммадиев дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар дастаҳои футболи Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон,Туркия ва Австрия ҳунарнамоӣ карда, ҳамлагар мебошад. Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1988).
Матни комили мусоҳибаи мустақими Муҳсин Муҳаммадиев бо корбони сомонаи ОИ «Азия-Плюс»-ро бо суроғаи зерин дарёфт карда метавонед.
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Қатъи дурӯзаи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста