Дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии ифтитоҳии Ҷоми Иттиҳод-2014 оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ва Эстония ба итмом расид.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, вохӯрӣ тезу тунд сурат гирифта, мусовӣ - бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом пазируфт.
«Футболбозони ҷавони тоҷикро лозим омад, ки ду дафъа дар ҷараёни бозӣ ҳисобро баробар кунанд. Ҳисобро дар дақиқаи 28-ум футболбозони эстонӣ кушоданд. Дар аввали қисми дуюм (дақ. 48-ум) Фирӯз Раҳматов ҳисобро мусовӣ кард. Дар дақиқаи 74-ум ҳарифон боз як голи дигар ба дарвозаи Тоҷикистон ворид карданд, аммо дар дақиқаи 90+1-уми бозӣ футболбози тоҷик Абдурасул Раҳмонов боз ҳисобро баробар кард», - иттилоъ медиҳад ФФТ.
Зимнан зикр мегардад, ки аз дастаи Тоҷикистон ҳарду тӯбро футболбозони тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ба ҳадаф расониданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста