Президенти Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) Йозеф Блаттер нимаи дуюми рӯзи 25-уми март ба Душанбе меояд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии ФФТ Фаридун Солиев, пас аз ба пойтахти Тоҷикистон расидан Блаттерро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Рӯзи сешанбе (25 март) президенти ФИФА дар вохӯрӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон миёни чемпиони соли 2013-и футболи Тоҷикистон «Равшан»-и Кӯлоб ва дорандаи Ҷоми футболи мавсими 2013 «Истиқлол»-и Душанбе ширкат хоҳад варзид.
Ин вохӯрӣ соати 17-00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегардад, ки таъмиру азнавсозии майдони наваш ба итмом расид. Дар анҷоми вохӯрӣ Йозеф Блатттер дар вазъи тантанавӣ Суперҷоми Тоҷикистонро ба дастаи ғолиб хоҳад супурд.
Рӯзи дигар, 26-уми март президенти ФИФА дар ҷашнвораи кӯдкона ширкат варзида, ба Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон ҳусни оғоз хоҳад бахшид. Ин чорабинӣ соати 10-00 оғоз гардида, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мегардад.
Дар анҷоми ҷашнвора президенти ФИФА дар вазъи тантанавӣ майдони сунъӣ дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ хоҳад кард, ки тибқи барномаи «Гол-2»-и ФИФА сохта шуда, моҳи майи соли гузашта ба истифода дода шуда буд. Сипас роҳбари футболи ҷаҳонӣ ба сохтмони боз як майдони сунъии футбол дар Душанбе бо маблағгузории ФИФА дар паҳлӯи майдони бозии теннис низ ҳусни оғоз мебахшад.
Рӯзи чоршанбе соати 11-00 Йозеф Блаттер дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» аз рӯи натиҷаҳои сафари худ ба Душанбе нишасти матбуотӣ барпо мекунад.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста