Дастаи мунтахаби таэквондо ИТФ-и Тоҷикистон дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Катмандуи Непал соҳиби 13 медал (4 тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо такя ба гуфтаҳои Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до ИТФ ва кикбоксинги Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон рӯзи якшанбеи 20-уми апрел шурӯъ шуд, варзишгарони 20 кишвар ширкат дошта, шарафи Тоҷикистонро 43 варзишгар ҳимоя мекунанд.
М. Яҳёев гуфтааст, дар рӯзи аввали мусобиқа дар рақобатҳои инфиродӣ оид ба машқҳои маҷмӯӣ Алишер Аҳмадов байни бузургсолон ва Гулрӯ Ҳоҷиева миёни духтарон бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд . Инчунин мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати дастаӣ байни писарон ва миёни духтарон ду медали тилло гирифтааст. Мусобиқаи мазкур дар пойтахти Непал то рӯзи 23-юми апрел идома хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ин мусобиқа барои варзишгарони ҷавони тоҷик як навъ санҷишест пеш аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ байни наврасон, ки аз 6-ум то 11-уми августи соли равон барои аввалин бор дар шаҳри Душанбе барпо мегардад.
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Фонди хайриявии “Музаффар” намоишгоҳи гулу растанӣ - “НЕКӢ БИКОР” баргузор мекунад
Фурудгоҳи Душанбе ба далели нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои эронӣ беш аз 6 соат аз фаъолият боз мондааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2025
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста