Меҳрангез Назарова, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкоки Тайланд барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷиниги Чин ду медал ба даст овард.
Бино ба иттилои сомоани расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай дар давидан ба масофаи 3 000 м бо натиҷаи 10.31,65 севум шуд ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Инчунин Меҳрангез дар давидан ба масофаи 2000 м бо монеаҳо бо натиҷаи 7.17,76 медали дувуми биринҷӣ ба даст овард. Ҳамин тариқ, ӯ меъёри роҳхат ба Олимпиадаи Нанҷингро ба ҷо овард.
Ба иттилои мнабаъ бо такя ба гуфтаҳои Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон якҷо бо Федератсияи варзиши сабуки кишвар рӯзи 26-уми май ба унвони Федератсияи байналмилалии варзиши сабук нома ирсол карда, хоҳиш намуданд, ки ба таври расмӣ соҳиби роҳхати олимпӣ шудани варзишгари тоҷик Меҳрангез Назароваро тасдиқ намояд ва умедворанд, ки мо ба нома рӯзҳои наздиктарин посух мегиранд.
Абдуллоев гуфтааст, дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкок варзишгари дигари тоҷик Зоир Шералиев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 62,75 м мақоми севумро касб кард, вале аз роҳхати олимпӣ бенасиб монд.
Ба ин тартиб то ҳоло 3 варзишгари тоҷик - Фирӯз Ёқубов дар намудии гуштии озод дар вазни беш аз 100 кг, Тоҳирҷон Охунов (85 кг) ва Равзатулло Исоев (42 кг) дар намуди гуштии юнониву румӣ расман соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии наврасон дар Нанҷинг шудаанд.
Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд.
Ёдовар мешавем, варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми августи соли 2010 дар Сингапур баргузор шуда буданд, дар панҷ ришта - бокс, варзиши сабук (гурзандозӣ ва давидан ба масофаи 200 метр), гуштии озод, камонварӣ ва таэквон-до WTF - ширкат карданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар ин бозиҳо 6 варзишгар - Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг, Абдуқодир Баротов (гурзандозӣ), Сиёвуш Зуҳуров (бокс, вазни то 91 кг), Даврон Атобоев (варзиши сабук, давидан ба масофаи 200 метр), Кристина Зайниддинова (камонварӣ)ва Шукрона Шарифова (таэквон-до WTF, вазни то 44 кг) дохил буданд.
Варзишгарони навраси тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст овардаанд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар намуди таэквон-до ВТФ дар вазни то 44 кг медали биринҷӣ гирифтанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста