Акмалиддин Каримов, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи XIV байналмилалӣ оид ба самбо дар Владивостоки Русия, ки даври Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми севумро касб кард. Дар ин вазн Баҳодур Боқиев аз Русия ғолиб шуд. Ганхуаг Мунх Бат (Русия) ҷойи дувумро гирифт. Ба ҷуз Акмалиддин Каримов, Багила Денис (Русия) мақоми севумро соҳиб шуд.
Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Юрий Потапов, нахустин раиси Федератсияи самбо ва дзюдои Приморе ва муовини раиси Федератсияи самбои Русия, ки рӯзҳои 25-26-уми май дар Владивосток баргузор шуд, беш аз 140 варзишгар аз 16 кишвар: Русия, Олмон, Литва, Булғористон, Молдова, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Чин, Тайланд ва Куриёи Ҷанубӣ ширкат доштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста