Дар мусобиқаи IV-уми байналмилалии Ҷоми Каспий-2014 дар Боку мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ин мусобиқаи анъанавӣ барои чорумин бор дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб ҷараён дорад. Футболбозони навраси тоҷик, ки дар гурӯҳи «С» бо 4 имтиёз мақоми аввалро касб карданд, дар нимфинал рӯзи 3-юми июн бо мунтахаби Туркия рақобат мекунанд.
Футболбозони навраси Туркия, ки бар дастаҳои Қазоқистон (3-1) ва Узбакистон (2-0) пирӯз шуданд, бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «D»ҷойи аввалро гирифтанд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ рӯзи сешанбе мунтахаби Озарбойҷон-1,ғолиби гурӯҳи «А», бо тими Эрон, ғолиби гурӯҳи «В», бозӣ мекунад.
Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро 29-уми май бо дастаи Ҷопон бо ҳисоби 1-1 анҷом дода, дар даври дувуми сабқати гурӯҳи «С» рӯзи 30-юми май бар дастаи Гурҷистон бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуд. Бозии дастаи Ҷопон бо тими мунтахаби Гурҷистон мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста