Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба 20 –умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз санаи 3 июн то 5 июни соли равон мусобиқаи вилоятии Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ оид ба бокс дар толори «Ҷашнӣ» баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд санаи 5 июн маросими пӯшидашавии мусобиқаи мазкур дар толори ҷашнии шаҳри Хуҷанд сурат гирифт, ки дар он Раиси Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдунабӣ Сангинов иштирок намуданд. Мусобиқа аз рӯи 22 вазн миёни варзишгарони соли таваллудашон 1998-1999 аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Конибодом ва Истаравшан доир гардид. Тибқи иттилои масъулин дар мусобиқа варзишгарон аз 10 шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба ғолибон Ифтихорнома ва медалҳои омоданамудаи Кумиҷроияро тақдим намуданд. Ҷавонони варзишгар аз ин иқдом ва дастгирии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ бисёр шод гардида, арзи сипоси худро ба ташкилкунандагони мусобиқа баён карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста