Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) беҳтарин бозигар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи май муайян кард.
Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба дафтари матбуоти ФФТ, Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани тими “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин бозигар, Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак беҳтарин довар дар моҳи май эълон шуданд.
Гуфта мешавад, ба беҳтаринҳои моҳи май ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.
Қобили зикр аст, ки легионер аз Гана Дэвид Мауто, ҳамлагари тими “Истиқлол” беҳтарин бозигар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол” беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Хуршед Дадобоев аз Хуҷанд беҳтарин довар дар моҳи март, Хуршед Маҳмудов, нимҳимоятгари тими “Истиқлол” беҳтарин бозигар, Алишер Тухтаев, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанбе беҳтарин мураббӣ ва довари ФИФА Парвиз Муртазоев аз Душанбе беҳтарин довар дар моҳи апрел эълон шуда буданд



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста