Дар мусобиқаи марҳилаи навбатии силсилаи даъвати ҷаҳонии Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF Hammer Throw Challenge) дар шаҳри Карлстади Шветсия гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 79,62 метр зинаи аввалро ишғол намуд.
Зинаи дуюмро бо нишондиҳандаи 77,93 метр гурзандози Словакия Марсел Ломнитски ва мақоми сеюмро бо натиҷаи 77,57 метр варзишаги Финландия Давид Седерберг касб карданд.
Пешсафи мусобиқоти силсилаи Hammer Throw Challenge варзишгари Маҷористон (Венгрия), қаҳрамони Олимпиадаи соли 2012 Критсиан Парс мебошад, ки 243,89 имтиёз дорад. Дилшод Назаров бо касби 240,48 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, ҳамчунин дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Италия ва Маҷористон ду медал ба даст овардааст.
Вай дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Италия гурзро ба масофаи 77 метру 95 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Баъдан Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалии «Istvan Gyulai Memorial» аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge»,ки дар пойтахти Маҷористон – Будапешт баргузор шуд, бо натиҷаи 80,24 метр медали биринҷӣ гирифт. Дар ин мусобиқа Кристиан Парс аз Маҷористон бо натиҷаи 82,49 м мақоми аввалро касб кард. Павел Файдек аз Лаҳистон (80,73 м) дувум шуд.
Ба ин тартиб, Дилшод Назаров моҳҳои май-июли соли равон дар ҳафт мусобиқаи байналмилалӣ се медали тилло, се медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст овардааст.
Дилшод Назарови 32-сола яке аз фаъолтарин варзишгарони тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи тобистона - соли 2004 дар Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон - ҳимоят кардааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80 метру 71 сантиметр аст.
Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров авоили моҳи январи соли равон муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шудааст. Вай, инчунин, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Субхидин 18 июл, 2014 11:34
Офарин,дар ҳақиқат арзанда ҳаст. Маҳсулу заҳмати ҳалол инсонро ба комёбӣ мерсонад. Дарси ибрат барои ҷавонон аст.