Аз 10 нафар варзишгарон, ки дар мусобиқа оид ба дзюдо аз силсилаи Гран-при дар шаҳри Тошканд дастаи Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд, рӯзҳои 16-17-уми октябр 5 нафар ба нокомӣ дучор гардида, бидуни медал ба ватан бармегарданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и ҶТ, дар даври аввал қувваозмоиҳоро Беҳрӯзи Хоҷазода (66 кг) ба Улуғбек Норқобилов (Ӯзбекистон), Расул Абдушарифов (66 кг) ба Анзаур Арданов (Русия), Саидмухтор Расулов (73кг) ба Ҳасан Ванлиоғлу (Туркия), Саидҷамол Алимардонов (81 кг) ба Муҳаммад Абделаал (Миср) бохта, Комрон Карликов (81 кг) дар даври аввал бар Элдар Зарифхонов (Қазоқистон) дастболо шуд, вале дар даври дигар аз Карлос Лузу (Португалия) ба шикст мувоҷеҳ гардид.
Гуфта мешавад, боқимонда 5 нафар аъзои ҳайати дастаи Тоҷикистон - Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Неъматулло Асронқулов (100 кг), Дадахон Қурбоналиев (100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг) имрӯз, 18-уми октябр ба рақобат мепардозанд.
Ёдрас мекунем, ки 16 октябр дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд мусобиқа оид ба дзюдо аз силсилаи Гран-при оғоз гардид, ки имрӯз ба анҷом мерасад. Мусобиқоти силсилаи Гран-при оид ба дзюдо ҳамасола дар 10 кишвари саросари дунё гузаронида мешаванд. Тошканд ҳуқуқи баргузории онро ба муддати 4 сол, яъне то соли 2016 касб намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста