Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии даври 15-уми мусобиқаи Лигаи олии фуболи мамлакат дар сафар бар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо гардида, якчанд давр пеш аз анҷоми мусобиқа маротибаи сеюм қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд.
Бозиҳои дигари ин давра чунин анҷом ёфтанд: КМВА «Помир» - «Далерон» - 1:1; «Равшан» - «Регар ТадАз» - 0:0; «Парвоз» - «Вахш» - 1:0 ва «Хайр» - «Энергетик» - 3:0 (бохти техникӣ).
Бозии «Хайр» (Ваҳдат) бо «Энергетик» (Душанбе) бинобар сабаби ба вохӯрӣ ҳозир нашудани дастаи ҷавонони душанбегиҳо доир нагардида, ба дастаи «Энергетик» бо ҳисоби 3 бар 0 бохти техникӣ ҳисобида шуд.
Дар ҷаласаи навбатии Комиссияи назоративу интизомии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи аз мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дар соли 2014 хориҷ кардани дастаи «Энергетик» тасмим гирифта мешавад ва дар ин сурат, дар ҳамаи бозиҳои боқимонда дар ин мавсим ба даста бохти техникӣ (0:3) ҳисобида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста