Дастаи футболи «Энергетик»-и шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки дигар дар мусобиқаи Лигаи футболи олии мамлакат иштирок намекунад.
Қобили зикр аст, ки дар мавсими имсола ин дастаро мушкилоти молӣ пайгир аст, ки ба идомаи иштироки даста дар мусобиқа имкон надод. Сарпарасти даста – ширкати «Барқи тоҷик» аз маблағгузории минбаъдаи ин тими футбол даст кашид.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутобиқи регламенти мусобиқаи Лигаи олии футболи кишвар, дар бозиҳои боқимондаи даста бо тимҳои «Хуҷанд», «Истиқлол», «Парвоз» ва «Далерон», ба дастаи «Энергетик» аз ин тимҳо бо ҳисоби 0 бар 3 бохти техникӣ ҳисобида мешавад.
Пас аз 15 даври мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон, дастаи «Энергетик» дар ҷадвали мусобиқа мақоми 6-умро ишгол мекунад. Аз оғози мавсим дастаи Алишер Тӯхтаев 5 ғалаба ба даст оварда, 4 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар 5 вохӯрӣ ба шикаст дучор гардид, ки 2-то аз ин бохтҳо техникӣ буданд.
Дар мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дастаи «Энергетик» аз соли 2007 бозӣ мекунад. Натиҷаи беҳтарини ин даста ба вохӯрии финалии Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфтан дар соли 2008 аст, ки дар ин бозӣ онҳо аз дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста