Абдумуслим Раҷабов, варзишгари навраси тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷавоизи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Бувайсар Сайтиев дар Русия медали биринҷӣ ба даст овард.
Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар мусобиқаи байналмилалии гуштии озод барои ҷавоизи қаҳрамони секаратаи олимпӣ Бувайсар Сайтиев, ки рӯзҳои 25-26-уми октябр дар шаҳри Красноярски Русия баргузор шуд, Абдумуслим Раҷабов, варзишгари навраси тоҷик, дар рақобатҳо дар вазни то 69 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мусобиқаи ҷашнӣ, ки барои бори даҳум баргузор шуд, 335 гуштигири навраси синнашон 15-16-сола аз 14 минтақаи Русия, инчунин, меҳмонон аз Белгия, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Олмон, Тоҷикистон, Узбакистон, Фаронса, Ҷопон ва Эрон ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, маблағи ҷавоизи мусобиқа беш аз як миллион рублро ташкил медод. Барои ҷойҳои аввал ғолибон 50 ҳазор рублӣ, барои ҷойҳои дувум 30 ҳазор ва барои ҷойҳои севум 20 ҳазор рублӣ гирифтанд.
Зимнан зикр мегардад, ки паҳлавонони навраси Русия дар даҳ вазн пирӯз шуданд. Танҳо дар як вазн - то 76 кило - варзишгари хориҷӣ - Яжури Ямасаки аз Ҷопон - ғолиб омад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста