Варзишгарони тоҷик дар ду мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон - яке байни донишҷӯён ва дигаре миёни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000, ки аз 4-ум то 9-уми декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаҳои Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсиюни самбои Тоҷикистон, ки ҳамзамон сардовари мусобиқоти ҷаҳонӣ байни донишҷӯён ва наврасон мебошад, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон ҳамагӣ 13 нафар - 10 варзишгар, 2 мураббӣ ва як довар - дохиланд.
«Дар сабқати ҷаҳонии донишҷӯён Тоҷикистонро Ардашер Исмоилов (вазни 52 кг), Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати ҷаҳонӣ байни наврасон шарафи Тоҷикистонро Каюмарс Норов (51 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (55 кг), Муҳаммадшо Беков (59 кг), Илҳом Ҳофиззода (72 кг), Муҳаммадризо Қурбонов (84 кг) ва Хуршед Маҷидов (+84 кг), инчунин миёни духтарон Шоҳида Қаландарова (55 кг) ҳимоя мекунанд», - иброз доштааст ӯ.
Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасони синнашон аз 14 то 16-сола барои аввалин бор аз ҷониби Федератсиюни байналмилалии самбо баргузор мешавад ва варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии донишҷӯён борҳо ширкат карда, ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста