Духтурони мунтахабҳои Тоҷикистон Фаррух Авезов (тими миллӣ) ва Абдусаттор Қаландаров (мунтахаби ҷавонон) дар конфронси тиббии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) иштирок хоҳанд кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Конфронси 5-уми тиббии Конфедератсияи футболи Осиё аз 2 то 4 апрел дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, мавзӯҳои асосии ин конфронси серӯза ташхис ва табобати ҷароҳат ва касалиҳои варзишӣ, чорабиниҳои зиддидопингӣ, инчунин ҳолатҳои аз задан ист кардани дили футболбозон мебошанд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар конфронси тиббии КФО, ки дар меҳмонхонаи «Jw Marriott New Delhi Aerocity» баргузор мешавад, садҳо нафар намояндагони кишварҳои Осиё ширкат хоҳанд варзид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста