Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдо байни наврасону навҷавонони кишварҳои арабӣ дар Маккаи Арабистони Саудӣ ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо истиноба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа се паҳлавони ҷавони тоҷик - Ёсин Неъматов (66 кг), Раҳмихудо Шарифов (81 кг) ва Хуршед Маҷидов (90 кг) дар ҳайати дастаи Аморати Муттаҳидаи Араб ширкат варзида, Ёсин Неъматов ва Хуршед Маҷидов, ки ҷойҳои севумро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Аз Федератсияи дзюдо ҳамчунин хабар додаанд, ки паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадрасул Сайидумаров дар мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Беларус дар шаҳри Могилёв дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кг барои ҷойи сеюм бо медали биринҷӣ сарфароз гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста