Ахири ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон ҷаласаи Ассамблеяи XIV генералии КМО ҶТ баргузор шуда, дар он фаъолияти Кумитаи иҷроияи КМО ҶТ дар давраи солҳои 2013-2014 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои солҳои 2015-2016 муайян карда шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти КМО ҶТ, дар ҷаласа ба масъалаи омдгаии варзишграни тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Ри-де-Жанейро (Бразилия) таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
«Имсол ва нимаи аввали соли оянда варзишгарони мо барои гирифтани роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд, ки ба 15 нафари онҳо аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ стипендияи ҳармоҳа ба маблағи аз 200 то 1000 доллар муқаррар шудааст», - иброз доштааст зимни суханронӣ дабири кулли КМО ҶТ Баҳрулло Раҷабалиев.
Ба иттилои манбаъ, Б.Раҷабалиев ҳамчунин зикр кардааст, ки «Кумитаи миллии олимпӣ то ҳоло сарпараст надорад ва аз ин рӯ, мо аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардем, ки дар ҳалли ин масъала кӯмак кунад».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста