Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба баргузории даври интихобии Чемпионати Осиё - 2016 оид ба футболи хурд (футзал) дар минтақаи Марказӣ дархост пешниҳод кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, ба сифати макони баргузории ин марҳилаи мусобиқа маҷмаии варзишии «Қасри варзиш» дар Хуҷанд пешниҳод гардидааст, ки дорои 2670 ҷойи нишаст буда, соли 2013 мавриди истифода қарор гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии мусобиқоти Чемпионати Осиё - 2016 оид ба футболи хурд дар минтақаи Марказӣ чор даста - мунтахабҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд. Ба давраи ниҳоии чемпионати Осиё, ки аз 9 то 20 феврал дар шаҳри Тошканд доир мегардад, аз минтақаи Марказӣ ду даста роҳхат мегиранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста