Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар сабқати ҷаҳонии дзюдо бо номи "World Judo Masters Mohammed VI 2015”, ки рӯзҳои 24-25 май дар шаҳри Работи Марокаш барпо гардид, дар рақобати нахуст ба шикаст дучор шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, вай дар вазни зери 90 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Илиас Илиадиси юнонӣ мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуд.
Ёдрас мекунем, ки дар ин мусобиқа Тоҷикистонро танҳо Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ мекард. Фонди мукофотпулии мусобиқа 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар ин мусобиқа гуштигироне, ки дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойҳои 1-16-ум ҷойгиранд, ширкат варзиданд.
Дар мусобиқоти Марокаш беш аз 220 нафар устодони гуштии дзюдо иштирок мекунанд. Дар баробари мукофотпулии шоиста дзюдочиён ҳамчунин барои касби имтиёзҳо ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи Рио-де-Жанейро-2016 низ рақобат мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар рейтингии ҷаҳонии дзюдо гуштигири тоҷик Комроншоҳи Устопириён то зинаи 12-ум боло баромад. Пас аз Чемпионати Осиё оид ба дзюдо дар Кувайт намояндагони ин навъи гуштии Тоҷикистон мавқеъҳои худ дар рейтинги ҷаҳонии дзюдоро беҳтар карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста