Варзишгари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё байни мардон, ки дар пойтахти Тайланд - шаҳри Бангкок –рӯзи 5 сентябр ба охир расид, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Дар ин мусобиқа муштзанҳои дигари тоҷик аз медалҳо бенасиб монданд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ҷаҳон Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни зери 91 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонааш аз Корея ва Покистон ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ, ки 4 сентябр баргузор шуд, аз рақибаш Василий Левит аз Қазоқистон аз рӯи имтиёз дар ҳарсе раунд шикаст хӯрд. Ба ин тартиб, муштзани маъруфи тоҷик барои мақоми севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Бангкок 188 варзишгар аз 28 кишвар ширкат кард, ки ин дар таърихи сабқати қитъавӣ шумораи рекордист.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон бо касби панҷ медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Ӯзбекистон бо касби ду медали тилло, панҷ нуқра ва як биринҷӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Мақоми севумро мизбонон – муштзанҳои Тайланд – бо касби ду медали тилло азони худ карданд.
Бояд тазаккур дод, варзишгароне, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз якум то ҳафтумро ишғол карданд, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон мушарраф шуданд. Вале дар вазни беш аз 91 килограмм муштзанҳое, ки ҷойҳои аз 1-ум то 5-умро гирифтанд, дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон аз 5-ум то 18-уми октябри соли равон дар пойтахти Қатар – Доҳа - барпо мегардад.
Инчунин бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи бокс барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд. Барои занон мусобиқаи интихобӣ сабқати қаҳрамонии ҷаҳонист, ки моҳи феврали соли 2016 баргузор мешавад. Мардон бошанд, соли оянда дар ду мусобиқаи интихобии олимпӣ – моҳи март дар Чин ва моҳи июн дар Боку - ширкат хоҳанд кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста