- Сарфи назар аз кашмакашҳои ахири коррупсионии марбут ба Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА), президенти ин ташкилот Йозеф Блаттер истеъфо аз мансабашро рад кард, - хабар медиҳад Reuters бо истинод ба гуфтаи Ричард Каллен, яке аз адвокатҳои Блаттер.
«Блаттер ба ҳамкорони худ изҳор доштааст, ки бо ҳукумат дар ин масъала ҳамкорӣ дошта, ҳеҷ амали ғайриқонунӣ содир накардааст ва аз мансаби президенти ФИФА истеъфо доданӣ нест», - қайд мешавад дар изҳороти дар Lenta.ru интишоршудаи адвокат.
Дар робита ба интиқоли маблағи пулӣ ба президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини, адвокат Каллен зикр кардааст, ки Платини аз соли 1998 ба сифати мушвири президент ҳамкорӣ мекард ва ин маблағ пардохти қонунӣ барои кораш аст.
Санаи 26 сентябр хабар дода шуд, ки Кумитаи ахлоқи ФИФА нисбати Блаттер ва Платини тафтишотро оғоз намудааст. Ҳамчунин гуфта мешуд, Платини шояд муваққатан аз иҷрои вазифаҳояш ба муддати якчанд рӯз барканор гардад, ки метавонад ӯро аз рӯйхати доваталабон ба мансаби президенти ФИФА хориҷ созад.
ВЕДОМОСТИ дар ин робита менависад, прокуратураи Швейтсария рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Блаттер тибқи ду модда - хунукназарии ҷиноӣ ва дуздӣ хабар дод.
Дар иттилоияи прокуратура гуфта мешавад, Блаттер ба пардохти маблағи ғайриқонунӣ ба Мишел Платини дар моҳи феврали соли 2011 дар ҳаҷми 2 млн. франки швейтсарӣ аз ҳисоби воситаҳои ФИФА гӯё барои иҷрои корҳо дар давраи моҳи январи соли 1999 - моҳи июни соли 2002 гумонбар дониста мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста