Варзишгарони тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Муродҷон Расулов, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни мардон дар пойтахти Қатар – Доҳа – намояндагӣ карданд, рӯзи 6 октябр дар даври муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо ва роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия маҳрум шуданд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Ҷаҳон Қурбонови пуртаҷриба дар рақобатҳо дар вазни 91 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Игор Якубовскии лаҳистонӣ бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Муродҷон Расулов низ бо ҳамин ҳисоб дар аввалин қувваозмоияш аз Самуэл Кармона Ҳередиа мағлуб гашт.
Дар ин сабқати ҷаҳонӣ байни мардон, ки то рӯзи 15 октябр идома хоҳад кард, беш аз 250 варзишгар аз 73 кишвар иштирок доранд. Даври муқаддамотӣ, ки 6 октябр шурӯъ шуд, 9 октябр ба анҷом мерасад. Рӯзи 10 октябр даври чаҳорякниҳоӣ, 11 ва 12 октябр даври ниманиҳоӣ, 14 ва 15 октябр қуввазмоиҳои ниҳоӣ баргузор мешаванд. Дар сабқати ҷаҳонӣ муштзанҳо барои 23 роҳхати олимпӣ мубориза мебаранд.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс байни мардон аз соли 1974 баргузор мешавад. Ин мусобиқа сар аз соли 1989 солҳои тоқ барпо мегардад. Варзишгарони Куба аз ҳама бештар – 121 медал, аз он ҷумла 67 нишони тилло ба даст овардаанд.
Соли 2013 мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор шуда буд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Қазоқистон, ки соҳиби чаҳор медали тилло гардидааст, ғолиб омада буд.
Бояд гуфт, ки муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон байни мардон баъди медали биринҷии Анвар Юнусов соли 2011 дар Бокуи Озарбойҷон, дигар медал ба даст наовардаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста