Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “С”, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканд баргузор мешавад, маълум шуданд.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 2 декабр дар пойтахти Узбакистон доир шудааст, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.
Футзалистони тоҷик бозии аввалро рӯзи 11 феврал бо дастьаи Таиланд, сипас вохӯрии дуюмро санаи 13 феврал бо дастаи Ветнам ва бозии охир дар даври гурӯҳиро рӯзи 15 феврал бо тими мунтахаби Тайван мегузаронанд.
Ҳайати гурӯҳҳо баъди қуръакашӣ чунин шакл гирифтанд:
Гурӯҳи «А» : Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.
Гурӯҳи «В» : Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.
Гурӯҳи «С» : Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «D» : Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.
Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста