Сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон Бег Сабурӣ раиси Федератсияи бокси кишвар интихоб шуда, дар ин вазифа Бобоҷон Маҳмадрасуловро иваз намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба радиои Озодӣ, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ конфронси Федератсияи бокси Тоҷикистон доир гардида , Бобоҷон Маҳмадрасулов, раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон, аз вазифааш истеъфо дод ва вакилони конфронс ӯро ба вазифаи дабири кулли Федератсияи бокси кишвар интихоб намудаанд.
Гуфта мешавад, Бег Сабурӣ ҳамзамон раиси шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» мебошад. Академияи хизматчиёни давлатии назди президенти Федератсияи Русияро хатм карда, номзади илмҳои иқтисодист.
Бо ибтикори Бег Сабурӣ моҳи октябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бунёд ёфта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд. Моҳи августи соли равон бошад, Бег Сабурӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳавзи шиноварӣ бунёд намуд, ки ин иншооти замонавӣ низ аз ҳисоби маблағҳои Хадамоти алоқа бо назардошти тамоми шароити зарурӣ сохта шудааст.
Бег Сабурии 53-сола оиладор, соҳиби чаҳор писар мебошад. Писари дувумаш Сиёвуш Зуҳуров, донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба бокс (муштзанӣ) машғул аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста