Дар маҷмааи варзишии «Ӯзбекистон» дар шаҳри Тошканд рӯзи 28 январ вохӯрии дуюми дӯстона миёни дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон бо соҳибони мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал - дастаи Ӯзбекистон доир гардида, бозӣ бо ғалабаи калони соҳибони майдон 11 бар 2 анҷом ёфт.
Ёдрас мекунем, ки вохӯрии якуми дӯстона байни ин дастаҳо рӯзи 27 январ доир гардида, мусовӣ - 1 бар 1 анҷом пазируфта буд.
«Ҳама гуна бохт як сабақ ва таҷрибаандӯзӣ аст», - мухтасар шарҳ додааст натиҷаи бозиро дар аккаунти расмии худ дар Twitter Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканд доир гардида, футзалистони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.
Футзалистони тоҷик бозии аввалро рӯзи 11 феврал бо дастаи Таиланд, сипас вохӯрии дуюмро санаи 13 феврал бо дастаи Ветнам ва бозии охир дар даври гурӯҳиро рӯзи 15 феврал бо тими мунтахаби Тайван мегузаронанд.
Ҳайати гурӯҳҳо баъди қуръакашӣ чунин шакл гирифтанд:
Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбекистон.
Гурӯҳи «В»: Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «D»: Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.
Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста