Дорандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар вохӯрӣ бо дастаи «Аҳлӣ-ал-Халил»-и Фаластин ба шикаст дучор шуда, ба даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2016 роҳхат гирифта натавонист.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ дар варзишгоҳи «Дура»-и Хеврон доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи соҳибони майдон анҷом ёфтааст. Голи ягонаро соҳибони майдон дар дақиқаи 22-юми вохӯрӣ ба ҳадаф расонидаанд.
Ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 ду намояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ низ роҳхат ба даст оварда натавонистанд. Чемпиони Қирғизистон дар Лубнон аз дастаи маҳаллии «Триполи» дар силсилаи зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 6 бар 7 ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Турманистон - дастаи «Балкан» дар меҳмонӣ бо ҳисоби 0 бар 2 аз дастаи «Ал-Ваҳда»-и Сурия шикаст хӯрданд.
Тими «Ал-Ҳидд»-и Баҳрайн дар майдони худ бар дастаи «К-Электрик»-и Покистон бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуда, ба даври гурӯхии ин мусобиқа роҳхат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста