Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран прии дзюдо, ки рӯзҳои 19-20 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд варзид. Ин севумин мусобиқаи байналмилалӣ барои дзюдочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор меравад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олипии ҶТ, мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат мегирад.
Тоҷикистонро чаҳор гуштигири маъруфи кишвар намояндагӣ мекунанд. Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило рӯзи 20-уми феврал вориди рақобат мешавад. Се нафари дигар - Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило – рӯзи якшанбеи 21 феврал рақобат хоҳанд кард.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ширкати 572 варзишгар (363 мард ва 219 зан) аз 89 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа варзишгарони ҳамаи 15 кишвари собиқи шӯравӣ иштирок мекунанд. Ба ҷуз Тоҷикистон, дзюдочиёни Арманистон (2 марду 1 зан), Беларус (4+1), Гурҷистон (11мард), Қазоқистон (11+4), Қирғизистон (5 мард), Латвия (5 мард), Литва (5+2), Молдова (1+1), Озарбойҷон (12+1), Русия (7+7), Туркманистон (3 зан), Узбакистон (8 мард), Украина (5+3) ва Эстония (2 мард) дар Олмон ҷамъ меоянд.
Дар ин мусобиқа варзишгарон инчунин барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст меоранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста