Қаҳрамони чоркаратаи Тоҷикистон, дастаи футболи «Истиқлол» рӯзи 6 март ба Лубнон ворид шуд. Дар ин ҷо дар доираи мусобиқаи даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2016 рӯзи 8 март бо дастаи «Триполи» бозӣ мекунад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, футболбозони тоҷик ба Триполи бидуни ду бозигари асосиашон - ҳимоятгари марказӣ Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев рафтаанд.
Ҳайати дастаи «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Quality inn» ҷойгир шуда, тамрини нахустини худро гузаронид. Ҳайати «Истиқлол» дар ин сафар аз 16 нафар иборат аст.
Бозии даври дуюми Ҷоми КФО-2016 дар гурӯҳи «В» миёни дастаҳои «Триполи»-и Лубнон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистон 8 март соати 15-00 ба вақти маҳаллӣ (18-00 - ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи шаҳри Триполи доир мегардад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста