Дастаи мунтахаби наврасони дзюдои Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони то 18-сола (солҳои таваллудашон 1999-2002), ки рӯзҳои 5-6-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуштигири навраси тоҷик Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило баъди се пирӯзӣ бар Микеили Бекаури (Гурҷистон), Адилет Мараимов (Қирғизистон) ва Эрол Баркин (Туркия), дар даври ниманиҳоӣ Нодар Бериашвилиро аз Гурҷистон шикаст дод. Ёқубҷон дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон мағлуб кард ва барои ҷойи аввал бо медали тилло сарфароз гашт.
Ҷоми Аврупо барои гуштигирони навраси тоҷик аввалин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола маҳсуб мешуд. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 10 варзишгар (9 писару як духтар) шомил буд.
Дар сабқати писарон Шамоили Ҷаҳонгир (73 кг), Шарифҷон Назриев (90 кг) ҷойҳои панҷум ва Каюмарс Норов (60 кг) ҷойи ҳафтумро соҳиб шуданд.
Дар сабқати духтарон ягона намояндаи Тоҷикистон Шоҳида Қаландарова дар вазни зери 57 кило дар нахустин қувваозмоияш бар Эсра Фидокор (Туркия), дар даври баъдӣ бар Ллинка Моросану (Руминия) пирӯз шуд, вале дар мубориза барои ҷоизаҳои мусобиқот аз Николле Д Исанто (Италия) ва Этери Липартериани (Гурҷистон) мағлуб гашт ва дар натиҷа дар ҷойгоҳи панҷум қарор гирифт.
Дар Ҷоми Аврупо оид ба лзю байни наврасон (кадетҳо) дар Туркия 321 варзишгар (190 писар ва 131 духтар) аз 15 кишвар (12 кишвари Аврупо ва 3 кишвари Осиё) иштирок дошт.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Гурҷистон бо касби 24 медал (6 тилло, 6 нуқра ва 12 биринҷӣ) ғолиб шуд. Мунтахаби Озарбойҷон (4-2-3) ҷойи дувум ва мунтахаби Туркия (2-3-13) ҷойи севумро гирифтанд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло, се ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум дар байни 15 кишвар ҷойи 6-умро соҳиб шуд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта дар ин мусобиқа паҳлавонони навраси тоҷик ду медали биринҷӣ ба даст оварда буданд. Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кило ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило ҷойҳои севумро касб карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста