Имрӯз дар маркази вилояти Сугд - шаҳри Хуҷанд сокинони бинои баландошёнаи № 20, маҳаллаи “Масҷиди савр”,ки дар буриши хиёбони ба номи И. Сомонӣ ва кӯчаи ба номи К. Хуҷандӣ ҷойгир аст, соҳиби тӯҳфаи наврӯзӣ гаштанд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сокинони бино соҳиби маҷмаи фароғатию варзишӣ гаштанд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Хуҷанд дар маросими кушодашавии он муовини раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва аҳли илму адаб ва зиёиёни вилоят ширкат намуданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ Заробиддин Файзуллозода, Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандон, иҷрои суннатҳои наврӯзӣ аз қабили бозиҳои миллии кӯдакону наврасон, ороиши дастурхон ва намоиши хони наврӯзӣ тамошо карданд. Кӯдакону наврасон бошад дар васфи наврӯзу ватан, ободии диёр шеъру таронаҳо хонда, ҳамзамон анъанаҳои наврӯзиро иҷро намуданд.
Маҷмааи фароғатию варзишӣ, ки аз 6 майдончаҳои ҷудогона барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол иборат аст, бо маблағгузории бештар 200 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва иштироки фаъолонаи сокинони бинои мазкур бунёд гардид.
Дар бинои баландошёнаи зикргардида бештар аз 500 нафар дар 84 оила иқомат доранд, ки давоми 30 соли охир барои кӯдакону сокинони маҳалла барои машғул шудан ба варзиш ва фароғат имконияти мувофиқ мавҷуд набуд. Дар баробари ин барои кадбонуҳо оташдону танӯр ва ҷойи пухтани таом бо шароиту риояи талаботи мавҷуда мавриди истифода қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба масъулини соҳа супориш дод,ки минбаъд чорабиниҳои варзишии байни дастаҳои маҳаллаҳои шаҳр дар ин маҷмаи нави фароғатию варзишӣ баргузор гардад.
Лозим ба ёдоварист,ки то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳи 22 майдончаи варзишӣ пешбинӣ гаштааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста